Jump to content

Ибни Ҷубайр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Ҷубайр
ар. مُحمَّد بن أحمد بن جُبير بن سعيد الأندلسي الكناني
Таърихи таваллуд: 1 сентябр 1145
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 29 ноябр 1217[1][2][3][…] (72 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: ҷуғрофиёдон, шоир, нависанда
Жанр: шеър
Забони осор: арабӣ

Абулҳусайн Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Ҷубайр ал-Кинонӣ (1 сентябр 1145, Валенсия (шаҳр)[4]29 ноябр 1217[1][2][3][…], Искандария) — сайёҳ, нависанда ва шоири арабизабони андалусӣ, аз қабилаи кинониҳои Арабистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсили ибтидоиро дар назди падараш — мансабдори дарбори Қуртуба (пойтахти аморати Қуртуба) гирифтааст. Аз хурдсолӣ ба иншои шеър оғоз намудааст. Баъдан ба Гранада баргашта, вазифаи дабири дарбори ҳокими сулолаи Муваҳҳидон — Абусаид Усмонро ишғол мекунад. Се бор сафари ҳаҷ кардааст (1183—1185, 1189—1191 ва 1217). Баъди бозгашт ба Испания ҷузъиёти сафари аввалинашро дар сафарномаи «Саёҳати Кинонӣ» («Реҳлат ал-Кинонӣ», номи дигараш «Сафарномаи Ибни Ҷубайр») тасвир кардааст. Насри асар мусаҷҷаъ буда, баъзе намунаи ашъори худи муаллиф дар он ҷой дода шудаанд. Ибни Ҷубайр дар ин асар мушоҳидаҳои ҷуғрофиёӣ ва маълумотҳои аз ҳамсафаронаш шунидаашро гирд овардааст, ки аҳаммияти таърихӣ доранд. Асари мазкур яке аз манбаъҳои муътамадтарини таърихи асрҳои миёнаи Миср, Арабистон, Ироқ, Сурия ва Ситсилия ба шумор меравад. Дар асар иҷрои маносики ҳаҷ, мавзеъҳои асосии ш-ҳои Макка, Мадина ва вазъи шоҳигарии Байтулмуқаддас то замони забт шуданаш аз ҷониби Салоҳуддини Айюбӣ (1187) хуб инъикос ёфтаанд. «Саёҳатномаи Ибни Ҷубайр» дар Аврупо аз асри 19 мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон қарор гирифта, чандин бор ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, италиявӣ ва русӣ тарҷума шудааст. Аз навиштаи муаллифони баъдӣ бармеояд, ки аз Ибни Ҷубайр осори мансуру манзуми бисёр боқӣ мондааст (девони ашъораш бо девони ашъори Абутамом Ҳабиб баробар эътироф шудааст). Аз миёни ашъори боқимондаи Ибни Ҷубайр қасидаҳои дар мадҳи Салоҳуддин Айюбӣ эҷодкардааш ва баъзе қитъаҳои дар «Саёҳати кинонӣ» овардааш аҳаммияти таърихӣ доранд.

  1. 1.0 1.1 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Universalis (фр.)Encyclopædia Britannica, 1968.
  3. 3.0 3.1 Faceted Application of Subject Terminology
  4. 4.0 4.1 G. W. T. Ibn Jubair (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 14. — P. 222.