Сикайн (округ)
![]() | |||
|
|||
Кишвар |
![]() |
||
Маркази маъмурӣ | Сикайн[d] | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Масоҳат |
|
||
Баландӣ | 180 м[1] | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ |
|
||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Рамзи ISO 3166-2 | MM-01 | ||
![]() |
|||
![]() |
Сикайн (Сагайн) — воҳиди маъмурӣ дар Мянма дар шимолу ғарби кишвар, дар байни иёлотҳои Чин, Качин, Шан ва ҳаммарз бо иёлотҳои Ҳиндустон Нагаланд ва Манипур мебошад. Координатҳо:23°30′ с. ш. 95°30′ в. д.HGЯO. Аҳолӣ: 5.840.971 нафар. Зичии аҳолӣ: 61,73 нафар. /км². Маркази маъмурӣ шаҳри Сикайн мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Сикайн дар соли 1315 пойтахти давлати мустақили Шан гардид, ки пас аз суқути Паган қувват гирифт. Соли 1364 набераи ҳукмрон пойтахтро ба шаҳри Аву кучонд.
Шаҳрҳои Сикайн ва Мингун, ки дар наздикии Мандалай ҷойгиранд, арзиши бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ доранд ва сайёҳон аз онҳо дидан мекунанд.
Тақсимоти маъмурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Округ аз 198 деҳа ва шаҳрак, 38 шаҳр ва ҳашт ноҳия иборат аст:
- Ҳкамтӣ (Hkamti District)
- Калемё (Kalemyo District)
- Катҳа (Katha District)
- Моле (Mawlaik District)
- Моунъюа (Monywa District)
- Сикайн (Sagaing District)
- Шуэбо (Shwebo District)
- Таму (Tamu District)
Калонтарин шаҳрҳо: Сагайн, Калемё, Мингун, Моунъюа, Шуэбо ва Могок мебошанд.
Демография
[вироиш | вироиши манбаъ]Бирмагиҳо дар ин округ дар минтақаҳои хушк ва қад-қади роҳи оҳани Мандалай - Миитчина бартарӣ доранд. Шаниҳо ва чиниҳо дар қаламравҳои округҳои миллии худ зиндагй мекунанд. Дар минтақае, ки дар наздикии сарҳади Ҳиндустон бо иёлоти Нагаланд воқеъ аст, бисёр нагаҳо зиндагӣ мекунанд.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуғли асосӣ кишоварзӣ буда, асосан шолӣ парвариш карда мешавад, аммо гандум, кунҷид, чормағз, пахта ва тамоку низ парвариш карда мешавад. Дар ҷангалҳо чубу тахта (тик) ҷамъоварӣ карда мешавад. Якчанд ҷангалҳо ҳифз шудаанд.
Тилло, ангиштсанг, намак истихроҷ карда мешавад ва ба миқдори кам нафт мавҷуд аст.